formula
Дар марги фоҷиавии духтарчаи 3-сола кӣ гунаҳкор аст?
814

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як фоҷиаи талху ҷигарсӯз дар ноҳияи Масчоҳи Вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бар асари он як тифли бегуноҳ ғарқа дар хуни хеш ҷон додааст...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 16-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Почоев Баҳромҷон Почододоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Исломова Марзия, соли таваллудаш 1970-ро, ки ҳамроҳи набераи хурдсолаш Исломзода Кибриё Сафиюллоҳ, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи мазкур аз роҳ мегузаштанд, пахш намудааст. Духтарчаи 3-сола бар ачсари ин садамаи хунин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, бибиаш Марзия Исломова бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад. Таҳқиқот аз рӯйи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД