Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз як ҳодисаи ногувор дар охири моҳи гузашта иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 31-уми августи соли 2025, соати 11:58 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расидааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гравзавод, дар ҳавзи машҳур бо номи “Мехкарйер” писарбачае ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Баъди гирифтани хабар фавран гурўҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудааст.
Ҷасади ғарқшуда соати 12:43 дақиқа аз ҷониби сокинони маҳаллаи мазкур пайдо карда шуда, барои ташхис ба мақомоти дахлдор супорида шудааст. Маълум гардидааст, ки марҳум сокини 15-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гравзавод, хонаи №195/1 будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводаи ғарқшуда, ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.