Дар Муъминобод 23 нафарро барои қиморбозӣ боздошт кардаанд
17.02.2026
Oila.tj
130

Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминобод як ҳолати ғайриқонунии ташкили қиморхонаро дар бинои «Маркази хизматрасонии Шамс», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи мазкур ошкор намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Рашидов Баҳром Раҳимович, соли таваллудаш 1985 ва Ҷомии Абдурасулӣ, соли таваллудаш 1996, сокинони деҳаи Деҳлолои ноҳияи мазкур дар ҳайати гуруҳӣ, ғайриқонунӣ қиморхона ташкил ва онро роҳбарӣ менамудаанд. Номбаршудагон бо сокинони маҳаллӣ ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, аз қабили шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Фархор давраи қиморбозӣ ташкил дода, сари ҳар бозӣ аз иштироккунандагон маблағҳои пулӣ ба манфиати худ мегирифтаанд. Усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз санги бозӣ (зарик)-ро бо қиморбозии навъи «Хлюс» ҷамъияти 23-нафара истифода бурда, ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд.

Кормандони милитсия қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт намудаанд.

Нисбати Рашидов Баҳром Раҳимович ва Ҷомии Абдурасул парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Нисбати иштирокдорони зерин барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва таъини ҷазо ба мақомоти суд ирсол карда шудааст:

- Назаров Абдусалом Авазхонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Абдураҳмонов А;

- Исмоилов Самандар Рузимадович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунадаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Чармгарони Поён;

- Алии Муҳамад, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Гулистон;

- Ҳусейнов Тоҷиддин Рамазонович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи А. Рӯдакӣ;

- Гулов Фаррух Бурихонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҳисориён;

- Мирзоев Худобахш Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кучаи Лоҳутӣ;

- Исоқов Алишер Одинаевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Панҷосиёб;

- Содиқов Достон Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Гулистон;

- Маҳмадисои Исмоилӣ, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Тугарак, деҳаи Тугарак;

- Одинаев Абдухалил Абдуллоевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият;

- Аврангов Шоҳрух Амруллоевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи Ҷ. Румӣ;

- Давлатов Маҳмадраҷаб Ҷумахонович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи Ҷ. Румӣ;

- Шоев Абдуғафор Акбарович, соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи Н. Сафар;

- Абдуллозода Худойназар Убайдулло, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Кулчашма;

- Шарипов Шарифхон Сангович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи С. Назар;

- Давлатов Мирзоалим Раҳмонович, соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи Б. Ғафуров;

- Наҷотов Салим Ҷумаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, деҳаи Ҳанатарош;

- Фаёзов Раҳматулло Изатуллоевич, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Чорсӯ, кӯчаи С. Вализода;

- Наҷотов Абдукарим Ҷумаевич, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, деҳаи Ҳанатарош;

- Қурбонов Оятулло Муллоевич, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати деҳоти Чашмасорон, деҳаи Кулчашма.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД