arzon replenishment
Дар намози иди саиди Фитр кадом сураҳоро мехонанд?
09.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1279

 

Салом! Ман ҷавони 18-сола ҳастам, вале то ин дам ягон бор ба намози ид нарафтаам. Ният кардам, ки имсол намози идро дар масҷиди ҷомеъ бо ҷамоат бихонам. Мегуфтед, ки дар намози ид кадом сураҳоро мехонанд ва умуман ин намоз чӣ гуна гузошта мешавад?

НАСРИДДИН, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Дар ду ид - Рамазон (Фитр) ва Қурбон (Азҳо) хондани намози махсуси ид бар онҳое, ки намози ҷумъа воҷиб аст, бо ҷамоат воҷиб мебошад.

Дар намози ид хутба шарт нест, балки суннат аст ва баъд аз намоз хонда мешавад. Аммо гӯш кардани он воҷиб аст ва корҳои хилофи он ҷоиз нест.

Намози иди Фитр ва Қурбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин тариқ аст, ки аввал имом такбири таҳрима - «Аллоҳу акбар» гуфта, ба намоз сар мекунад. Ӯ чун дигар намозҳо сано мехонад ва баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоҳу акбар» гуфта, дар ҳар такбир дастҳояшро мебардораду ба нармии гӯшаш мерасонад.

Пас аз он сураи «Фотиҳа»-ро ҳамроҳ бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукӯъ ва суҷуд рафта, ракъати аввали намозро ба ҷо меорад.

Он гоҳ барои ракъати дуюм бармехезаду сураи «Фотиҳа» ва сураи дигареро бо садои баланд мехонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегӯяд ва дар ҳар такбир дастҳои худро мебардораду ба нармии гӯшҳояш. Баъди ин, такбиргӯён ба рукӯъ ва пас аз он ба суҷуд рафта, монанди дигар намозҳо ракъати дуюмашро ҳам анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анҷоми намоз суннат аст ва имом дар он бояд аҳкоми идайнро барои мардум баён созад. Масалан, дар иди Фитр масоили садақаи Фитрро ва дар иди Қурбон масоили қурбонӣ ва такбироти ташриқро баён намояд. Қобили таъкид аст, ки агар намозгузор узре дошта бошаду натавонанд дар рӯзи иди Рамазон намози идро ба ҷо оваранд, фардои он рӯз метавонад онро адо намоянд. Аммо намози иди Қурбонро метавонанд то рӯзи сеюм адо намоянд, агар узре пеш омада бошад. Ҳар гоҳ намози идайн қазо шавад, дигар онро қазо хонда намешавад, зеро намози идайн қазо надорад.

Намози идайн азону қомат надорад, балки мустаҳаб аст ва онро ба ин тариқ эълон менамоянд: «Ассалоту ҷомиъатун».

Дар иди Рамазон пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан ё ба қавле кушодани даҳон ва фитри рӯзаро пардохтан мустаҳаб аст. Вале дар иди Қурбон хӯрданро то адои намоз ба таъхир гузоштан лозим аст ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он бихӯранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД