Пагоҳ, 22-юми августи соли 2025 дар назди бозори “Меҳргон”-и пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад. Дар ин бора Дилафрӯз Ализода, сардори Раёсати Агентии меҳнат дар шаҳри Душанбе ба сомонаи Oila.tj хабар дод.
Тавре Ализода гуфт, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар назди бозори “Меҳргон” аз соати 8:00 оғоз ёфта, то соати 11:00 идома меёбад. Корхонаҳои хурду бузурги давлатӣ ва ғайридавлатии чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ин ярмарка иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро бо музди арзанда ва шароитҳои хуби корӣ пешниҳод менамоянд.
Корҷӯён метавонанд ба ин ярмарка ташриф оварда, мувофиқи касбу ҳунар ва малакаашон барои худ кори муносиб пайдо намоянд.