formula
Дар никоҳи додаршӯ (қисми 2)
1745

Давомаш...

Моҳҳо турнасон мегузаштанду муҳлати таввалудкунии ман наздик мегшуд. Бо шиками дамида нон мепухтаму ҳавлӣ мерӯфтам. Хушдоманам аз нописандии Нозон ҷон ба лаб омада, чӣ кор карданашро намедонист.

Дилаш ба Фурқат месӯхт. “Бечора писарам на аз зан осоиду на аз фарзанд” мегуфт.

Билохира бахт ба рӯям хандиду ман писардор шудам. Хусуру хушдоманам ба таввалудхона баҳри табрик омаданд. Аммо Нозон боре ба аёдатам наомад. Рӯзи сеюм маро аз беморхона ҷавоб доданд.

Хушдоманам шароити хонаатон хуб нест гӯён, маро ба хонаи худаш овард. Дар хона касе набуд, ҳарчанд хушдоманам Нозон гуфта фарёд мезад, аммо аз ҳеҷ куҷо садояш намебаромад.

Авсунам қаҳр карда, ба хонаи модараш рафтааст. Нозон рафту дигар барнагашт. Фурқат оқибат ҷавобашро дод. Ростӣ, аз рафтани Нозон ҳеҷ кас ғамгин набуд.

“Хас каму ҷаҳон пок” мегуфт хушдоманам. Хусуру хушдоманам мехостан ӯро дубора оиладор кунанд, аммо додаршӯям розӣ намешуд. Солҳо турнасон мегузаштанду ман соҳиби ду фарзанд гаштам.

Хусуру хушдоманам набераҳояшонро чунон дӯст медоштанд, ки намегузоштанд як лаҳза аз наздашон дур бошанд, аммо...

“Сағера ба нон расад, биниаш хун мешавад” гуфтани одамони қадим беҳуда набудааст. Он рӯзи наҳс диламро худ ба худ сиёҳӣ пахш кард. Дил гувоҳи ҳақ будааст.

Он рӯз шавҳарам Шӯҳратро дар коргоҳаш барқ мезанаду ӯро беҳуш ба беморхона мебаранд. Риштаи умри ҷавони шавҳарам канда шуд. Дар як лаҳза ҳавлӣ пур аз одам шуд. Зуд -зуд аз ҳуш мерафтам.

-Эҳ фалаки каҷрафтор, ман чӣ гуноҳ кардам, ки ин бадбахтиро ба ман раво дидӣ?- гӯён фарёд мезадам. Барои қисмати талхам, барои шавҳари ҷавонмаргам хун аз дидаҳо мерехтам. Баъди дафни шавҳарам хона бароям бегона гаштаву худро бекасу танҳо ҳис мекардам.

Дар ҳавлӣ чун мурғи паршикаста сархам мегаштам. Маросимҳои шавҳарамро гузаронидем. Дигар зиндагӣ бароям маъное надошт.

Ба кулбаи фақиронаи падарам баргаштан мехостам. Рӯзе ба хушдоманам гуфтам, ки дигар сабру токатам намондааст, бо иҷозати шумо ба деҳа баргаштан мехоҳам. Хушдоманам оҳи сард кашида гуфт:

-Духтарам, мо намехоҳем, ки набераҳои мо пешпои марди дигар шаванду хорию зориро бибинад.

Мақсадашонро пай набурда, “майлаш холаҷон, бигзор як писарам бо шумо монад” гуфтам. Кош гӯшҳоям кар мешуду суханони хушдоманамро намешунидам.

-Иҷозат намедиҳам, ки ғамхонаи маро тарк гӯӣ. Ба болои захмам намак напош. Туро бо набераҳоям дар ҳавлӣ дида, набудани писарамро ҳис намекунам.

Бо хусурат маслиҳат кардем, ки Фурқат писарони додарашро соҳибӣ кунад,- гуфт хушдоманам. Гӯшҳоямро бо дастонам дошта, фарёд задам. Чӣ тавр ман бо бародари шавҳарам хонадор мешавам?

Не, ҳаргиз ин корро намекунам. Маҷбурам насозед, холаҷон. Хусуру хушдоманам ба ман гӯш надода, назди падару модарам рафтанд, волидонам розигӣ доданду маро ба никоҳи Фурқат дароварданд.

Аз ин воқеа моҳҳову солҳо сипарӣ гаштанду ман Шуҳратро фаромӯш карда натавонистам. Фурқат низ аз тақдири талхаш менолид, аммо чӣ илоҷ. Сабр бояд кард. Тақдири ҳамаи мо дар дасти Худованд аст.

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД