Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд корҳои бартарафсозии паёмадҳои боронҳои шадид, ки боиси фаромадани ярч дар як қатор маҳаллаҳо гардидаанд, идома дорад.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, офати табиӣ ба роҳҳои автомобилгард, заминҳои кишоварзӣ ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ зарар расонидааст. Аз ҳама бештар деҳаи Куруд осеб дидааст, ки дар он ҷо ба инфрасохтор хисороти ҷиддӣ ворид шудааст.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони сохторҳои дахлдор ба тоза кардани роҳҳо ва барқарорсозии иншооти зарардида машғуланд.
Мақомот гуфтаанд, ки пас аз муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот барои барқарор кардани минтақаҳои зарардида ва расонидани кумак ба сокинон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.