Дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди кӯдакистони нави замонавӣ оғоз гардид, ки барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта мешавад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон дастур додааст, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шаванд. Бо гузоштани санги асос ба сохтмони ин кӯдакистони наву замонавӣ расман оғоз бахшида шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳоти Унҷӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии кӯдакистони рақами 11 шинос гардидааст. Иншооти нав бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, барои наздики 300 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.