Arzon march 2024
Дар он намояндагони зиёда аз 70 донишгоҳ ширкат доранд
1219

 

Имрӯз, 13 сентябр, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба Oila.tj аз ДМТ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки Форум бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон оғоз ёфта, дар идома Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, Вазири маорифи Туркманистон Қурбонгул Атаева, муовини Вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Сарвархон Бузрукхонов суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо баргузории ин чорабинӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиши муҳташам намояндагони зиёда аз 70 донишгоҳ ширкат доранд, ки аз ин 35 нафар намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд.

Дар ин Форум беш аз 40 созишнома оид ба ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо хоҳанд шуд, ки ба рушди робитаҳои илмию педагогӣ, табодули академӣ ва таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ нигаронида шудаанд.

"Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд дар хотир дошт, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайванданд. Ҳамкориҳои имрўзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Имрўз бо як ҳисси ифтихор метавон хулоса кард, ки робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи боэътимоди амиқтар кардани муносибатҳо дар дигар соҳаҳои муҳим: дар соҳаи илм, маориф, технологияҳои олӣ ва инноватсия мебошанд. Низоми таҳсилоти олӣ ва ташаккули фазои ягонаи башардўстона асосии рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд", - зикр гардид зимни Форум.

Бояд гуфт, ки Форум дар ду бахш баргузор мегардад: Бахши I: “Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо”, ки модератори он ректори Донишгоҳи молияи Тошканд Тулқин Тешабоев  аст ва бахши II: “Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ” аст, ки модератори он муовини ректор оид ба илм, тиҷоратикунонӣ ва байналмилалии Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв Жанна Курмангалиева мебошад.

Ҳадафи асосии Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ омўхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки кишварҳо мебошад.

Умед аст, ки Форум ба самтҳои илм, таълим ва инноватсион такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои ҳамкорӣ мегардад.

Ёдрас мешавем, ки кори Форум то бегоҳии санаи 14-уми сентябр давом меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД