arzon replenishment
Дар оворагии кӯдакон кӣ гунаҳкор аст?
1231

Чанд рӯз қабл, ғарқи фикру андеша аз тирезаи нақлиёт ба берун назар карда, самти хона мерафтам. Ногоҳ чашмам ба зане афтод, ки бо раҷу машаққати зиёд аробаи пур аз пласмасу бақлашкаҳои аз партовҷамъкардаашро мекашонид. Дардноктар он буд, ки дар болои ин партов, кўдаки ниҳоят хурдсоли ба қавли кампиракҳо парпеч мехобид. Ду кӯдаки дигар тақрибан яке се солаву дигаре чаҳор сола, поча овезен дар лаби ароба нишаста буданд. Писарбачаи тақрибан 6-сола аз як тарафи ароба дошта, тела медод. Чунин менамуд, ки гӯё кӯдак ба модар ёрӣ дода истода бошад, дар ҳоле ки ҷисми кӯчаки ӯ тавони ҳаракат додани чунин аробаи вазнини пурборро надорад. Аҳволи модар хоҳнохоҳ касро ба андеша мебарад, вале риқатовартар, ҳоли сангини кӯдаконаст. Дар айёме, ки онҳо бояд аз зебоиҳои даврони худ лаззат баранд, дар партовгоҳ мегарданду ба ҷамъ кардани партов машғуланд. Барои як бурда нон ёфтану зиндагиро сипарӣ кардан, азоби сангинеро таҳаммул мекунанд. Акнун суоле ба миён меояд, ки сабабгори чунин зиндагии сахту сангин доштани ин кӯдакон кӣ аст: падар ё модар? Барои ҷавоб ёфтан ба ин суол ва равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ мо назарпурсие анҷомдодем.

Маҳмадиева Зиёда, омӯзгори синфҳои  ибтидоӣ
-Ман ба нангу номуси ин зан аҳсан мегўям. Шояд каси бо эътимоде надорад, ки фарзандонашро вогузор карда, худ пайи дарёфти луқмаи нон гардад. Ё шояд худаш намехоҳад, ки ҷигарбандонаш лаҳзае аз наздаш дур бошанд. Ҳам нигоҳу бини чор фарзанд ва ҳамшуғл варзидан ба чунин кори нанговару душвор ба даҳон осонаст. Агар падари ин кӯдакон зинда бошад, ҳайф ба номаш…

Файзалиев Фахриддин, муаллими варзиш
-Мумкин шавҳари ин зан маъюб бошад ё умуман дар қайди ҳаёт набошад. Кӣ медонад, ки кӯдаконро бо худ гардонидани зан ба хотири раҳми мардумро бедор кардан бошад. Имрўз ба касе боварӣ нест, дили мардум сўзад, гуфта, аз кўдакон истифода мебаранд. Дар ин муаммои печида ҳам мард ва ҳам зан гунаҳкор аст…

Сулаймонзода Зубайда, педагог-психолог
-Қиссаи душвори зиндагии ин зан дар сомонаҳои иҷтимоӣ низ машҳур аст. Аз шавҳари аввал бо як писар ҷудо шуда, се духтари дигар аз шавҳари дуюм аст, ки ў бо баҳонаи духтарзо будан зану кӯдаконро дар нимароҳ танхо мегузорад. Ман гунаҳкори асосӣ занро меҳисобам. Дар чунин шароити душвори зиндагӣ чор фарзанд таваллуд кардан магар ҳатмист? Марди ношудро аз рўзи нахустини зиндаӣ шинохтан мумкин, пас зарур набуд, ки ҳам ба ҷони худ ҷабр кунаду ҳам ба ҷони чаҳор фарзанд…

Собиров Фирўз, шаҳрванд
-Ба андешаиман, ҷабру ситами ин зани бечора, мубориза, ҷиду ҷаҳд ва талош барои ба воя расонидани фарзандон аст.
Зебунисо Нурова, омӯзгор
-Агар мард нангу номус надошта бошад, кўдакон ҳамин гуна хору зор ба воя мерасанд. Шояд модар фарзандонашро бомеҳнати сангини худ ошно сохта истодааст, ки фардо дастгиршаванд. Ба қадри заҳматҳояш расанду хубнигоҳубинаш намоянд…
Юнусов Наврўз, шаҳрванд
-Ба чунин қисмати талх чӣ метавон гуфт. Агар мард зинда бошад, марг ба нангу номусиҷ ҷавонмардиаш. Ин кўдакон толеъ медоштанд, ақаллан модари соҳиб маълумот насибашон мешуд, ки болои партов намехобиданд…
Мавлуда Охназарова, шаҳрванд
-Дар чунин ҳолат ҳамеша мардон гунаҳ коранд. Бигзор зан бадҷаҳл асту нописанд, вале фарзанд чӣ гуноҳ дорад?
Хонандагони азиз! Тавре худатон шоҳид шудед, андешаҳо мухталифанд, аммо гап сари ояндаи ин кўдакон меравад. Мақсад аз пешниҳоди мавзуъ низ ба хотири андешидани фардои наслинаврасаст. Хондану соҳибмаълумот шудани ҷавондухтарон ҳам бо ҳамин мақсад пеш бинӣ шудааст. Бигзор оила ҳамеша солим бошад, вале дар оғози зиндагӣ идомаи онро андешидан ба манфиат аст.
Ба омӯзгорони муассисаи №16-и ноњияи Файзобод барои ҳамкорӣ изҳори сипосмекунем!

ФАРЗОНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД