Arzon march 2024
Дар ҷойҳои оббозӣ навбатдорӣ ташкил крада шуд
240

 

Дар фасли тобистон бештар кӯдакон ба кӯлу дарёҳо барои оббозӣ кардан меравад, ки новобаста аз мавзеъҳои муайяншуда талош мекунанд, ба аз ҳамсолони худ дуртар шинонамоянд, ки дар бисёр ҳолат ба ғарқшавӣ оварда мерасонад.

Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои ногувор Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар обҳои вилоят навбатдории ҳамешагиро аз доираи наҷотдиҳандагони кумита ташкил кардаанд.

Дар рафти рейдҳо наҷотдиҳанадагон ба истироҳаткунандагон дар соҳили обҳо қоидаҳои рафтори бехатар дар обҳоро фаҳмонида, ҳамчунин ба кӯдаконе, ки дар соҳили обҳо танҳо гашту гузор мекунанд, танти назорат мегиранд.


Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, дар вилояти Суғд махзанҳои об зиёд буда, мардуми зиёд кушиш мекунад, ки дар чунин ҷойҳо истироҳат намоянд. Аммо дар баробари ин ҷойҳое низ ҳастанд, ки муносиб ба оббзиву шиноварӣ нестанд ва маъмулан дар ин гуна маконҳо дар тахтачӯбҳо сареҳан навишта шудааст, ки оббозӣ манъ аст.

Ин ҷойҳо ҳамчунин аз нигоҳи беҳдоштӣ низ нуқс доранд ва набояд одамон дар ин маконҳо вориди об шаванд, чун хатарзо ва барои истироҳат номумкинанд.

Хатари дигари оббозӣ дар ин маконҳо он аст, ки аз ҷойҳои навбатдории наҷотдиҳандагон дуранд ва агар нохӯшие рух диҳад, ҳатман ба фоҷеа меанҷомад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД