toyota motors
Дар Панҷакент нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро шуд
10.04.2026
Oila.tj
27

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, дар даъвати баҳорӣ чун солҳои қаблӣ садҳо нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ, бо амри дил ва ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хизмати Ватан изҳор доштаанд.

- Иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи гузаронидани корҳои ташкилию тарғиботӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоат, деҳаҳо, маҳаллаҳои шаҳр ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷавонон дониста мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД