Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил чанд фармондеҳи низомии Эрон кушта шудаанд. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар додаанд.
Маълум нест, ки фармондеҳон кай ва дар куҷо ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, вале бино ба иттилои расонаҳои Эрон афроди зерин дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба ҳалокат расидаанд:
1. Муҳаммад Шерозӣ, раиси дафтари раҳбари Эрон дар умури низомӣ.
2. Солеҳ Асадӣ, муовини иттилооти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон.
3. Муҳсин Дарабоғӣ, муовини омод ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон.
4. Ғуломризо Ризоиён, раиси Созмони иттилооти ФАРОҶО.
5. Баҳром Ҳусайнӣ, раиси Идораи тарҳ ва амалиёти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон.
6. Ҳасаналӣ Тоҷик, раиси идораи омоди Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон.
Дар ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ кушта шуд. Ба думболи ин хабари кушта шудани дабири Шурои олии дифову вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли Сипоҳу раиси ситоди кулли артиши Эрон паҳн гашт.