1xbet
Дар Русия ба беморон доруи нодире мегузаронанд, ки саратонро нест мекунад
191

Олимон чанде пеш доруи наверо ихтироъ намуданд, ки тамоми намудҳои касалии саратонро табобат карда метавонад. Ин доруи нодир, ки ваксинаи mРНК ном дорад, охири моҳи сентябр ё аввалҳои октябр дар Русия ба гурӯҳи аввали гирифторони бемории саратон гузаронида мешавад.

Дар ин хусус директори Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиология Александр Гинтсбург хабар додааст.

“Тақрибан пас аз ду моҳ, яъне охирҳои моҳи сентябр ё аввалҳои октябр ин доруи нодир барои санҷиш ба як гурӯҳ гирифторони бемории саратони пӯст (мелонома) гузаронида мешавад”,- гуфтааст Александр Гинтсбург ва илова кардааст, ки агар ин ваксина натиҷаи хуб диҳад, технологияи mРНК метавонад барои дигар намудҳои саратон низ истифода шавад.

Дар навбати аввал доруи нодир барои табобати намудҳои хатарноки саратон, аз ҷумла саратони пӯст ва саратони шуш истифода бурда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД