Commerce bank may-june 2026
Дар рӯзи Иди Қурбон 7 кас бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд
110

Дар рӯзи Иди Қурбон, яъне санаи 27-уми май бар асари садамаҳои нақлиётӣ 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки дар байнашон як кӯдаки хурдсол низ ҳаст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, нисфирӯзии 27-уми май дар пайи ба бетони муҳофизатии канори роҳ бархӯрдани мошине дар роҳи Данғара-Бохтар ронанда Фаррух Алматов, 35-сола, сокини шаҳри Бохтар ва ду нафар мусофирон - Сайаҳтам Одиназодаи 59-сола ва Камолидин Одинаеви 53-сола, ки ҳарду сокинони шаҳри Бохтар будаанд, ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин рӯз Ҷумъабег Умедови 18-сола дар ҳолати мастӣ мототсикл ронда, дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи поён кӯдаки хурдсол Майрам Халифазодаро, ки ҳамагӣ 6 сол дошт, пахш кардааст. Ноболиғ бар асари ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар пайи ду садамаи дигари нақлиётӣ Ҳикматулло Ғафуров ва Мирзохон Ҷумаев ҷон додаанд.

Бегоҳии рӯзи 27-уми май мошини тамғаи “Опел-Астра” ба “Булдозер” бархӯрда, дар натиҷа ронандаи “Опел” Мусо Неъматови 34-сола ҷон додааст ва 5 нафар мусофирони мошин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар рӯзи Иди Қурбон 7 нафар ҷон бохта, 6 каси дигар маҷруҳ ва дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД