Шуруъ аз 1-уми август дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши сарулибоси мактабӣ оғоз меёбад. Дар ин бора шаҳрдорӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки намоиш-фурӯши сарулибос ва лавозимоти мактабӣ то охири моҳи август, аниқтараш то санаи 31-уми август идома хоҳад кард.
Маъмулан намоиш-фурӯши сарулибос ва лавозимоти мактабӣ дар чаҳор ноҳияи пойтахт барои мактаббачагон кушода мешаванд, вале имсол ярмаркаҳо дар кадом нуқтаҳои шаҳр ташкил карда мешаванд, ҳоло маълум нест.