gazprom august 2025
Дар шаҳри Турсунзода 193 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
55

Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода 193 синфхонаи иловагӣ барои 4 ҳазору 244 нафар дар як баст дар заминаи 17 муассисаи таълимӣ, инчунин 7 муассисаи томактабӣ барои 1012 кӯдак мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо устодонро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Ин нукта 1-уми сентябр зимни мулоқоти раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳр иброз гардид.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ташаббуси соҳибкорони босаховат ва Ассотсиатсияи падару модарон дар шаҳр сохтмони 379 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 28 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД