“Аз омӯзгорӣ то деҳқонӣ”. Чунин унвон дорад зиндагинома ва фаъолияти кории қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” Бихалича Зоҳидова, ки дар баробари касби пуршарафи омӯзгорӣ доштану дар мактаб кор карданаш боз бо парвариш ва фурӯши қулфинай машғул аст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Гуноҳамро бубахш, мардак!”, “Ба рӯйи ишқи пок туф накунед, духтарҳо!” ва “Дарди дили аскарбача” дарҷ гардидааст.
Қиссаи “Мордугона” зиндагиномаи занест, ки ба дугонаи даврони кӯдакияш бовар карда, бехабар аз нияти нопокаш, ӯро дар лаҳзаҳои душвортарини умраш дастгирӣ намуда, ба зиндагии худ ворид мекунад. Вақте ки мордугонаашро бо шавҳари худ меқапад, зиндагии қаҳрамони қисса комилан дигар мешавад ва аз ҳама муҳим эътимодашро ба инсонҳо гум мекунад.
“Бахтоваре, ки бахт овард” сарнавишти зане аст, ки баъд аз солҳои зиёди ҳамзистӣ бо сабаби бефарзандӣ аз шавҳараш ҷудо мешаваду писарчаеро ба фарзандӣ қабул мекунад. Номи аслии тифлак Партовшоҳ буд, вале Гулзор ба писараш Бахтовар ном мемонад ва Бахтовар воқеан ҳам барояш бахт меорад.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “10 меваю сабзавоти тирамоҳӣ, ки ба саломатӣ фоидаи зиёд доранд” ва “Ҳамворкунии мӯй зарар дорад” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи гиторнавози шинохта Хусрав Зиёдуллоев маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз рӯзгори ситораҳо” хабарнигори “Оила” бо сарояндаи ҷавону хушсадо Умедҷони Бурҳон, ки ба тозагӣ дар ҷодаи санъат шинохта шудааст, доир ба рӯзгору эҷодаш суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад (с)”, “Соат дар дасти рост баста мешавад ё чап?”, “Истиқболи Қибла ҳангоми тиловати Қуръон”, “Никоҳи муҷаррад бо бевазан”, “Ҳоҷӣ бояд аз чӣ парҳез кунад? аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Таваллуди кӯдак дар хоб рамзи боигарӣ аст ё фоли бад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” оид ба мушкилоти муҳоҷират ва онҳое, ки дар қаламрави Русия ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, саволҳои хонандагон ва номаҳояшон дарҷ мегардад. Дар шумораи навбатӣ номаи як ҷавони муҳоҷирро таҳти унвони “Ба хотири модарам аз ишқам даст кашам?” мутолиа карда метавонед.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!