Дар Шуғнон нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт бунёд мегардад. Бино бар иттилоъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони нерӯгоҳи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Гуфта мешавда, ки дар баробари нерӯгоҳ дар деҳаи Рож майдончаи муосири варзишӣ ва ҷой барои оббозӣ бунёд хоҳад гашт.
Ободонию созандагӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳру деҳот равона гардидааст. Дар доираи ин сиёсат дар саросари мамлакат роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар иншооти муҳим сохта шуда, симои шаҳру деҳот зеботар мегардад.