Commerc banl
Дар Суғд алайҳи 37 кас барои сироят кардани дигарон бо ВИЧ-СПИД парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
170

Дар вилояти Суғд 37 нафарро барои қасдан сироят намудани дигарон бо ВИЧ-СПИД ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Дар ин бора корманди прокуратураи вилоят Хуршед Рамазонӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар маҷмуъ соли 2025 дар вилоят барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) 77 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Шумораи умумии гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар вилояти Суғд аз соли 1991 то имрӯз 4 ҳазору 154 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 2 633 нафарашон мардон ва 1521 нафар занон мебошанд. Аз ин беморӣ 1220 нафар фавтидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон барои сироят кардан бо вируси норасоии масъунияти одам, яъне ВИЧ-СПИД аз 3 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД