sebiston july new
Дар тирамоҳ зан бояд чӣ кор кунад?
2004

 

Саломатии инсонро аз дидани симояш муайян кардан мумкин аст. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бо сабаби сардӣ ва хушкии аз ҳад зиёди ҳаво пӯсти инсон намнокияшро босуръат аз даст медиҳад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат аз малҳамҳои нармкунандае истифода бурдан лозим аст, ки дар таркибаш моддаҳои ғизобахш дошта бошанд. Бар замми ин, чанд қоидаву дастурҳои зеринро риоя намуда, дар тирамоҳ зебоиву саломатиро аз даст надиҳед.

1. Як қоидаро барои худ одат кунед: дарҳол баъди ба рӯятон молидани малҳам ба кӯча набароед. Малҳам бояд дар пӯсти рӯй ҷабида шавад.

2. Дар сурати сард шудани ҳаво ба сар рӯймол (шапка) ва ба дастон дастпӯшак пӯшидан лозим аст. Агар дастони худро дар гармӣ нигоҳ доред, дер пир мешаванд.

3. Баъди ҳар дафъаи дастшӯӣ ба пӯсти даст равғани махсус ё малҳам барои дастро молед. Қабл аз молидани малҳам дастро пурра нашуконед. Бигзор пӯст каме тар бошад, он гоҳ малҳам намиро хубтар нигоҳ медорад.

4. Дар фасли тирамоҳ пӯсти лаб низ зуд-зуд хушк мегардад. Аз балзамҳои махсус истифода бурда, пайваста онро ҳамроҳ гардонед. Дар рӯзҳои шамолдори тирамоҳӣ пӯсти лаб ба ғизои иловагӣ ниёз дорад.

5. Баъди рӯзи вазнини корӣ пойҳо низ ба нигоҳубини иловагӣ ниёз доранд. Дар тағорача оби гарм гирифта, чанд қатра равғани эфир чаконида, поятонро дар он нигоҳ доред.

Ниқоб аз себ ва картошка барои пӯсти равғанин

Себро аз турбтарош гузаронида, картошкаро бо пӯсташ дар об пазед. Баъдан бо чангак картошкаи пухтаро лат зада, бо себи тарошидашуда ва 2 қошуқ шир омезиш диҳед. Ниқоби омодашударо ба пӯсти тозаи рӯю гардан молида, баъди 20 дақиқа шуста, малҳами нармкунанда молед.

Маслиҳатҳои муфид дар тирамоҳ

1. Субҳгоҳон як истакон оби ширгамро бо иловаи лимӯ нӯшед.

2. Аз истеъмоли қандинаву торт, маҳсулоти нимтайёри мағозагӣ, машрубот, қанди зиёд, хӯроки равғанин, маҳсулоти турши ширӣ ва очонидашуда худдорӣ намоед.

  1. Кӯшиш намоед, ки то соати 18.00-19.00 хӯроки шомро истеъмол карда, то соати 23.00 хоб равед.

4. Ҳангоми субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом пурхӯрӣ накунед. Истеъмоли қаҳваро кам кунед.

5. Бештар дар ҳаракат бошед, зеро тирамоҳ фаслест, ки инсонро танбалу хоболуд мекунад. Агар камҳаракатӣ кунед, заифтар шудан мегиред. Ҳамеша дар ҳаракат бошед, он гоҳ худро бардам ҳис мекунед. Бештар пиёда роҳ гашта, ҳатман машқи бадан кунед.

6. Сайругашт ва ҳаловат бурдан аз зебогиҳои фасли сол ба ҳолати ҷисмонӣ ва равонии инсон таъсири босазо мерасонад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД