Кремҳои муҳофизатӣ асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: минералӣ ва органикӣ. Ҳар ду навъ самараноканд. Барои одамони дорои пӯсти ҳассос бештар кремҳои минералӣ мувофиқанд, зеро эҳтимоли пайдо шудани сурхшавиро камтар мекунанд. Барои пӯсти равғанин ва наракдор бошад, беҳтараш гелҳои сабук интихоб карда шаванд.
Барои он ки SPF воқеан самара диҳад, онро бояд 15–20 дақиқа пеш аз баромадан ба офтоб ба тамоми ҷойҳои кушодаи пӯст молид. Барои рӯй ва гардан тақрибан чоряки қошуқча крем кифоя аст, аммо барои тамоми бадани шахси калонсол тақрибан 30 миллилитр лозим мешавад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми дар берун будан кремро ҳар ду соат як маротиба аз нав моланд. Агар шахс оббозӣ кунад, зиёд арақ намояд ё худро бо дастмол хушк кунад, кремро бояд боз ҳам зудтар аз нав истифода барад, ҳатто агар дар рӯйи он «обногузар» навишта шуда бошад.
Бегоҳ кремро ҳатман шустан лозим аст, зеро дар давоми рӯз дар рӯйи пӯст ғайр аз крем чангу ғубор, арақ, равғани табиии пӯст ва дигар ифлосиҳо ҷамъ мешаванд. Баъди шустан истифодаи креми намноккунанда тавсия дода мешавад.
Дар ёд дошта бошед, ҳатто беҳтарин креми офтобмуҳофизатӣ ҳам сад дарсад аз нурҳои офтоб муҳофизат карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб, барои муҳофизати беҳтар танҳо истифодаи крем кофӣ нест. Пӯшидани либоси остиндароз, кулоҳ, айнаки офтобӣ ва бештар дар соя қарор гирифтан, махсусан дар соатҳои аз ҳама гарми рӯз, низ аҳамияти калон дорад.