Аз 1-уми январи соли 2026 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 75 сомонии ҳозира ба 78 сомонӣ мерасад.
Ин нукта дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ шуд, зикр гардидааст. "Аз 1-уми январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар карда шавад",- омадааст дар матни қонун дар бораи Буҷети давлатӣ дар соли 2026.
Тавре зикр мегардад, нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад.