goodwell
Дар Тоҷикистон қариб ду миллион китоб бо забони ӯзбекӣ нашр шудааст
37

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон қариб ду миллион китобҳо бо забони ӯзбекӣ мавҷуданд.

Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дода, гуфтааст, ки соли 2002 ҳамагӣ як номгӯй китоб бо теъдоди 40 ҳазор нусха нашр шуда буд, вале сол то сол нашри китобҳои дарсӣ барои макотиби таълимашон бо забони ӯзбекӣ зиёд шуда, ҳоло ин шумора ба 71 номгӯй расидааст, ки адади нашрашон аз 1,8 млн зиёд мебошад.

Дар анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳоло беш 114 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ бо забони узбекӣ мавҷуд аст.

Ёдрас мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14-уми август зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи маориф дастур доданд, ки барои аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии узбекӣ бунёд намуда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД