toyota motors
Дар Тоҷикистон аз 18 то 20-уми май ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
18.05.2026
Oila.tj
122

Дар Тоҷикистон рӯзҳои 18-20-уми май ҳавои номусоид дар назар буда, болоравии сатҳи оби дарёҳо, хатари омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои ҳавошиносон, рӯзҳои 18 ва 19-уми май бар асари боришот сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обиҳинг, Вахш, Яхсу, Қизилсуи ҷанубӣ ва инчунин дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад.

Ҳамзамон, аз 18 то 20-уми май дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад. Танҳо дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин ҳолат пешбинӣ намешавад.

Илова бар ин, рӯзи 18-уми май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бадшавии сифати ҳаво дар назар аст. Сабаби он тӯфони чангу ғубор ва тирагии ҳаво арзёбӣ мешавад, ки аз самтҳои ҷануб ва ҷанубу ғарб ворид мегардад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафарҳои нолозим ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД