goodwell
Дар Тоҷикистон ҷазо барои фиристодани паёми "Ҷумъа муборак" вуҷуд надорад
03.08.2026
Оила
57

Дар Тоҷикистон ҷазо барои фиристодани

паёми "Ҷумъа муборак" вуҷуд надорад

Чанд рӯз боз дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои зиёде паҳн шудаанд, ки гӯё барои фиристодани паёмаки “Чумъа муборак!” одамонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо нашри як вокуниш ин сару садоҳоро бе асос хонда, гуфтааст, ки барои табрики рӯзи ҷумъа ҳеҷ гуна ҷазо ё ҷаримае пешбинӣ нашудааст.
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим чунин овозаю ҳангомаҳоро "иғвоангезона" ва беасос хонда, тамоми сокинони кишварро бовар мекунонад, ки барои табрики рӯзи ҷумъа дар кишварамон ягон маҳдудият вуҷуд надорад ва ё ҷазо низ пешбинӣ нашудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД