1xbet
Дар Тоҷикистон барои ҷавонон омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
120

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди малакаҳои забондонӣ ва фароҳам овардани имконияти нави касбӣ барои ҷавонон машғулияти омӯзиши забони олмониро оғоз менамояд.

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъди хатми синфи 11), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имкон доранд дар машғулияти махсуси омӯзиши забони олмонӣ, ки бо усулҳои муосир ва таҳти роҳбарии омӯзгорони варзида гузаронида мешаванд, иштирок намоянд. Пас аз хатми муваффақонаи машғулият дар имтиҳон, ки аз ҷониби ташкилоти олмонӣ гузаронида мешавад, хоҳишмандон соҳиби сертификати байналмилалии забони олмонӣ мегарданд. Ҳамзамон имкони ҷалб шудан ба таҳсил ва фаъолияти касбӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба даст меоранд.

Бояд гуфт, ки олмонӣ яке аз забонҳои муҳими байналмилалӣ буда, дарҳои зиёдеро ба сӯи имконияти таҳсил, шуғл ва фарҳанг боз мекунад. Омӯзиши ин забон ба кас имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони пешрафтаи илму техника, фарҳанг ва иқтисоди Олмон аз наздик шинос шавад.

Барои иштирок дар машғулияти забономӯзӣ хоҳишмандон метавонанд аризаи худро ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон 6, ҳуҷраи 5) то 25-уми август пешниҳод намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД