Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ба имтиҳони санҷиши сатҳи донистани забони чинӣ (Hanyu Shuiping Kaosh (HSK)) таъсис дода мешавад.
Ин марказ ба донишҷӯёни тоҷик имконият медиҳад, ки бидуни сафар ба хориҷа, дар дохили кишвар гувоҳномаи сатҳи донистани забони чинӣ (HSK)-ро ба даст оранд. Гувоҳномаи мазкур барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Чин муҳим дониста мешавад.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст. Аммо гуфта нашудааст, ки маркази мазкур кай таъсис дода хоҳад шуд.