goodwell
Дар Тоҷикистон шумораи дорухонаҳо ба 3,5 ҳазор расидааст
28.08.2026
Oila.tj
60

Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои фармасевтӣ ва дорухонаҳо тақрибан ба 3,5 ҳазор расидааст. Қисми зиёди онҳо дар минтақаҳои сераҳолии кишвар фаъолият мекунанд.

Тибқи маълумоти дастрас, аз ҳама бештар дорухонаҳо дар вилояти Суғд - 991 адад ва шаҳри Душанбе - 804 адад ба қайд гирифта шудаанд. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 703 муассисаи фармасевтӣ ва дорухона, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 545 адад, дар минтақаи Кӯлоб 386 адад ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 71 адад чунин муассиса фаъолият доранд. Ҳамин тавр, беш аз нисфи ҳамаи дорухонаҳои кишвар ба Суғд, Душанбе ва минтақаи Бохтар рост меоянд.

Тақсимоти шумораи дорухонаҳо нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои фармасевтӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон яксон нест. Дар баробари ин, афзоиши шумораи чунин муассисаҳо метавонад имкони дастрасии аҳолӣ ба доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббиро бештар намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД