Давлату Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф диққати махсус медиҳад. Соли 2026 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 25,4 фоиз зиёд мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ чораҷӯйӣ карда шавад.