Венгрия интихоби довталабонро ба барномаи стипендияи "Stipendium Hungaricum", ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ боз аст, оғоз намудааст. Дар ин бора Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" хабар додааст.
Дар доираи ин барнома довталабон метавонанд барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Венгрия дар зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура ва докторантура муроҷиат намоянд.
Аризаҳо то 1-уми феврали соли 2026 қабул карда мешаванд.
 
                 
                 
                 
                 
                 
                                                     
                                            