Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санги асоси бинои нави Маркази перинаталии вилояти Суғд гузошта шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти суғд, ин марказ нахустин иншооти махсусгардонидашуда дар самти нигоҳдории саломатии модару кӯдак дар вилоят аст.
Гуфта мешавад, ки бинои нави Маркази перинаталӣ аз 7 ошёна, 10 шуъба ва 300 кати хоб иборат буда, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Дар баробари фаъолияти шуъбаҳои асосӣ, дар ин бино Маркази ҷарроҳии бемориҳои асаб низ ҷойгир карда мешавад.