Дардро бо худат нигаҳ дор
29.11.2025
Oila.tj
141

Нафаре аз саргузашти худ гуфт:

Даҳ - ёздаҳсола будам, ки дар бозӣ бо бачаҳои кӯча поям ба пои яке печиду афтодам. Зонуи пои ростам ба замин зад ва сахт захмӣ шуд.

Бисёр вақт гузашт, то кам-кам ҷои он захм беҳтар шуду камтар озор медод.

Он рӯзҳо танҳо як дӯсти ҷонии наздик доштам.

Дӯсте, ки мисли аҳли хонадонам буд.

Дӯсте, ки ба ӯ бовар доштам.

Дар мактаб танҳо ӯ медонист, ки зонуи пои рости ман захмӣ шудааст. Ӯ ягона касе буд, ки ҷои захмамро медонист.

Чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бо дӯсти худ баҳс кардем, ёдам нест барои чӣ. Ёдам нест кӣ гунаҳкор буд. Фақат ёд дорам, ки дарси варзиш буд ва футбол бозӣ мекардем.

Миёни бозӣ, вақте ки мехостам тӯбро зарба занам, ӯ бо кафи пояш ба зонуи пои ростам зад.

Коре ба тӯб надошт. Дақиқ ба ҷои захмам зарба зад. Захмам боз тару тоза шуд. Боз дард...

Чанд рӯз баъд дубора бо ҳам дӯст шудем. Лекин дигар ҳаргиз нагузоштам фаҳмад, ки дардам чист.

Аз он воқеа солҳо гузаштааст, вале ҳар бор касеро мебинам, ки дард дорад, захм дорад, ба ӯ мегӯям: Ҳаргиз нагузор касе фаҳмад, ки ҷои захмат куҷост.

Нагузор бидонад, ки чӣ чиз туро нобуд мекунад. Шояд рӯзе ҳамон захми шифоёфтаатро аз нав боз кунад.

Дардатро барои худат нигоҳ дор.

Аз онҳое, ки ҷои захматро медонанд, эҳтиёт бош. Онҳо метавонанд бо як сухан, бо як киноя ва бо як хотира коре кунанд, ки боз захмат тоза шавад. Ва боз ту мемониву дард...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД