sebiston july new
“Дарёҳо - пайвандгари миллатҳо” дар Донишгоҳи аграрӣ
210

 

Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ифтихори Рўзи дарёҳо семинари омўзишӣ таҳти унвони “Дарёҳо - пайвандгари миллатҳо” доир гардид.

Бино ба иттилои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, дар оғоз муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Мирзоализода Тоҳир суханронӣ карда, афзудааст: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои ташвишовар ҳамчунон ба тағйирёбии иқлим, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар сайёра маҳсуб меёбад, дахл намуда, таъкид намуданд, ки “ҳар сол дар кишвари мо офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба амал омада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарари зиёд мерасонад”. Бояд қайд намуд, ки мушкилоти глобалии экологӣ имрўз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки вобаста ба масъалаи обу иқлим ташаббусҳои Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қабул гашта, то имрўз панҷ ташаббуси Пешвои миллат мавриди амал қарор дорад”.

Баъдан, Саъдулло Восиев, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе баромад карда, гуфтааст, ки “дар тўли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи муҳити зист, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муносибат бо сарватҳои табиӣ хоса бо неъмати бебаҳои ҳаёт - об муҳимтарин масъалаи рўзмарра маҳсуб ёфта, масоили мазкур аз минбари созмонҳои бонуфуз аз забони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста садо медиҳад”.

Тибқи иттилои мавҷуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе се дарё мегузарад, ки аз ин ҷо дарёи Душанбе ба дарозиаш 10 км ва дарёҳои Лучоб ва Варзоб бо дарозии 5 км буда, дарёҳои номбаршуда обро аз қисмати ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор гирифта, дар мавсими боришоти бардавоми фаслҳои баҳору тирамоҳ сероб мегарданд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 10 адад канал бо дарозии умумии 34,6 км ва 22 адад селпарто бо дарозии умумии 38,7 км буда, дар мувозинаи МД “Раёсати обёрӣ”-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Ғайр аз ин, дар тавозуни Раёсати беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Душанбе 8 адад канали обёрии заминҳои кишоварзӣ бо дарозии умумии 31,2 км буда, барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани онҳо ҳар сол корҳои зиёде ба сомон мерасад.

- Бо дастури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдорӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати соҳили дарёву каналҳо аксияи «Тозагии соҳил» дар соҳилҳои дарёҳои Варзоб, Душанбе ва Лучоб, инчунин дар каналҳои ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шуда, соҳил аз партов ва лою гил тоза карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД