Arzon march 2024
Даргузашти хаттот ва омузгор
7076

Дирӯзи рӯзи сарди зимистон, ки ҳама ҷо яхбаста буд, дили омӯзгор ва хаттот Зайдулло Халилов аз тапидан бозмонд. Дар ин бора рӯзноманигор Саида Набизода ба сомонаи "Оила" хабар дод.

Ба иттилои рӯзноманигор, марҳум амаки ҳаҷвнигори шинохта Ташриф Халилов ва бародари шоири мардумӣ Назар Халил (падари Ташриф) буда, ба ҳаҷвнигор ҳуқуқи падарӣ дошт.

"Шодравон солиёни зиёд дар мактаби рақами 16-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси муовини директор фаъолият дошт. Синнаш ба 85 расида буд",-гуфт манбаъ.

Гуфта шуд, ки ӯ чанд рӯз пеш дар Беморхонаи №3-и ноҳия бистарӣ буд. Дар бахши эҳё қарор дошт ва бо сабаби вазнин будани беморӣ ба беморхонаи "Қаряи Боло" интиқол ёфт ва баъди ин, аз олам даргузашт. Бемории марҳум зикр нашудааст.

Инчунин хонед:

ТАШРИФ ХАЛИЛОВ БА САРБОЗОНИ ШУҶОИ ВАТАН ОШИ ХАЙРИЯ ДОД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД