formula
Даргузашти модари 103-сола аз Панҷакент
671

Модари cарояндаи тоҷик Алишер Қаноатзода дар синни 103-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора худи ҳунарманд иттилоъ дод.

Масума Аминова, модари ҳунарманд, дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекард ва дар тӯли умр соҳиби ҳашт фарзанд шуд, вале дутояшро аз даст дод. Як писараш дар синни 60 ва дигараш дар 57-солагӣ даргузаштаанд. Аз боқимондаҳо 48 набера ва 50 абера дошт. Ӯ яке аз дарозумртаринҳои минтақа ба ҳисоб мерафт.

Ин зани дарозумр 5 марти соли 1920 ба дунё омада, дар ҳамин рӯзи соли 2023, чанд рӯз қабл аз Иди Модар аз олам даргузашт.

Ба зикри писараш Қаноатзода, ӯ басо зиндагии хушу хотирмон дошт ва наздиконаш низ асрори дарозумрии ӯро ба ҳамин рабт медиҳанд. Ӯ то лаҳзаи фавт солим буду худаш роҳ мерафт, аммо хотирааш каме суст гашта буд. Макони таваллуди Масума Аминоваро деҳаи Артучи ҷ/д Рӯдаки навиштаанд.

Писараш Алишер Қаноатзода, раҳбари Ансамбли “Тарона ва рақс”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аст. Ӯ бо забонҳои фаластинӣ, туркӣ, қазоқӣ, непалӣ, озарӣ, ҳиндӣ ва чанди дигар тарона сароидааст. Соли қабл дар шаби эҷодиаш модари 10-солааш иштирок кард ва ба фарзандаш дуои нек дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД