arzon replenishment
Даргузашти собиқ корманди милитсия ва шоир
664

26 ноябр Худоназар Шоназаров, шоир ва собиқ мақомдори корҳои дохилӣ аз олам даргузашт.

Марҳум дар синни 71-солагӣ ин дунёи пуртазодро падруд гуфт. Равоншод солҳои тӯлонӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ фаъолият карда, беш аз даҳ соли охир бознишаста буд ва дар шаҳри Москва кору истиқомат дошт.

Гуфта шуд, ки ӯ имсол ба зодгоҳаш - ноҳияи Рӯшони ВМКБ баргашта, он ҷо аз олам даргузашт.

Зиндаёд истеъдоди шоирӣ дошта, бо тахаллуси Вамдич шеър мегуфт. Намунаи эҷодиёташ дар рӯзномаи ноҳиявии "Пайғоми Рӯшон", китобҳои "Даргилмодак" (соли 2015) ва "Вассофи Рӯшонзамин" (соли 2020) ба нашр расидаанд.

Марҳум бародари ҳунарманди маъруфи театру кинои тоҷик Некқадам Шоназаров буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД