formula
ДАРИ ХОНАИ КАЪБА КУШОДА ШУД, ВАЛЕ…
3230

КИҲО МЕТАВОНАНД БА ҲАҶҶИ УМРА РАВАНД?

Коронавирус-ин балои азим, ки якбора панҷа ба гулӯи башар зада, ҷони миллионҳо сокинони сайёраи заминро рабуд, дар байни мардум он қадар ваҳшат ба по кард, ки одам аз одам гурезон шуд
.

Инсоният дар масири таърихи худ вабоҳои зиёдеро паси сар карда бошад ҳам, чунинашро ёд надошт, зеро Ковид-19 саросари ҷаҳонро ба ларза дароварда, марзҳоро баста кард ва парвози таёраҳоро қатъ гардонд. Ҳарос аз ин беморӣ ба ҳадде шадид буд, ки ҳатто дарҳои Хонаи Худо-Қаъбаро ба мардум бастанд ва дар соли 2020 афроде, ки дар орзуи ҳаҷ кардан буданд, натавонистанд ин нияти неки худро амалӣ гардонанд. Хушбахтона, баъди интизории тӯлонӣ мӯъминон имконияти зиёрат кардани хонаи худоро ба даст оварданд, вале...

Тавре ки “AlArabiya” хабар медиҳад, танҳо ба зоироне, ки аз коронавирус эм карда шудаанд ва ду вояи ваксинаи COVID-19- ро гирифтаанд, иҷозат дода мешавад, ки дар моҳи мубораки Рамазон ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд.
"Дар замимаи мобилӣ, ҳоҷӣ бояд соати фармоишӣ барои намоз ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро "банд кунад ", - омадааст дар хабар.
Ҳоҷиро лозим мешавад, ки барои зиёрати умра ҳуҷҷатҳояшро барои зиёрати ҷойҳои муқаддас ба умури Макка пешниҳод кунад ва сипас дар замимаҳои махсус сабти ном шавад.

Оё зоирини тоҷик, ки аз коронавирус эм гирифтаанд метавонанд ба сафари Ҳаҷҷи умра бароянд?
Барои сафари ҳаҷ кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудан лозим аст? Арзиши сафар ва зиёрати ҷойҳои муқаддас имсол чанд аст?
Барои ба ин саволҳо посух гирифтан мо ба сухангӯи Кумитаи Дин Афшини Муқим занг задем, вале зангҳоямон бенатиҷа буд.

Ёдрас мешавем, ки бинобар пандемияи COVID-19 аз моҳи марти соли гузашта Арабистони Сауди дари хонаи Каъбаро ба рӯйи зиёраткунандагон баста кард. Баъди чанд муддат бо риояи фосилаи иҷтимоӣ зиёратро иҷозат доданд, аммо на ба ҳама кишварҳои дунё. Сафари Ҳаҷҷи умра солҳои пеш дар Тоҷикистон тахминан ду ҳазор доллари амрикоӣ хароҷот дошт, аммо масъулини ширкатҳои сайёҳӣ айни замон қимати сафари ҳаҷҷи навро эълон накардаанд.

Ҳаҷ яке аз панҷ рукни фарзии ислом буда, зиёрати ин макони муқаддас барои ҳар як мусалмон як маротиба фарз аст. Маъмулан ҳаҷро дар Зулҳиҷҷа ("моҳи ҳаҷ") анҷом додан мумкин аст, аммо вақти адои ҳаҷ бо сабаби тақвими қамарӣ ҳамасола тағйир меёбад, вале мусалмонон метавонанд дар ҳар вақти сол ҳаҷҷи хурд (умра) кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД