1xbet
“Дарси сулҳ” бо иштироки Пешвои миллат 2 рӯз пеш аз оғози таҳсил баргузор мегардад
156

“Дарси сулҳ”, ки ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр бо иштироки Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, дар он бурду бохти соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор мегирад, имсол ду рӯз қабл аз оғози соли нави таҳсил ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки имсол “Дарси сулҳ” бо иштироки Сарвари давлат рӯзи 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир мегардад. Омӯзгорону хонандагон дар мактабҳо суханронии Роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақиман тамошо карда метавонанд.

Соли нави хониш чун пештара рӯзи 1-уми сентябр оғоз ёфта, хонандагон мувофиқи барномаи таълимӣ таҳсилро оғоз менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД