Arzon march 2024
Даҳшатбону Қисми 1
1716

Даҳ сол боз дар Русия кору фаъолият мекунам, дипломи сурхи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт дар сандуқи арӯсиям дар хонаи хушдоманам мондааст. Зеро дипломи дар Ватан гирифтаам ин ҷо кор намеравад, дар ин кишвар ман аввал дар боғчаи бачагонае ба ҳайси ошпаз кор кардаму баъдтар бо мусоидати сарвари ҳамин боғча ба Донишгоҳи педагогӣ дохил шудам.

Забони русиро, ки хуб медонистам, ин донишгоҳро ҳам бо дипломи сурх хатм карда, имрӯз дар як шаҳраки канори Маскав боғчаи шахсии худамро дорам. Мақсадам аз навиштани ин қисса ҳаргиз таърифу тавсифи кору бори худам дар ғурбат нест…

Ростӣ, бо шабакаҳои интернетӣ он қадар «дӯст» нестам, зеро кору бори зиёде дорам. Дар Русия, ин мамлакати бузург кору зиндагӣ кардан хеле душвор аст, хоса ба мо «сиёҳҷурдаҳо», ҳарчанд ману шавҳараму ду фарзандам ду сол мешавад, ки шаҳрванди ин кишвар ҳастем, вале ин ҷо фақат бояд кор кард то зиндагии шоиста дошта бошӣ. Ростӣ, вотсапу телеграм дорам, зеро бо наздикон ва волидони шогирдонам доим дар тамос будан лозим меояд. Вале писарам аз навгониҳои дунё воқиф мешавед гӯён, бароям фейсбук кушод. Ростӣ, он ҷо бо ҳамсабақони зиёде дархости дӯстӣ фиристодаму хуб шуд, боз ин ҷо Саноатро дидам ва пеши назарам зинда шуданд солҳои шиносоӣ бо ӯ.

                               Ду дунё

Ману Саноат дар як деҳа ба дунё омада, дар як мактаб таҳсил карда, ба як донишгоҳ ҳуҷҷат супоридем. Саноат аз хурдӣ ба ман бахилӣ дошт, ӯ дар оилаи камбизоати серфарзанде ба дунё омада буду ман дар байни чор бародар духтари ягона ва эркаву нозпарварди оилаи зиёӣ будам. Падарам мудири маорифи ноҳия, модарам бошанд, духтури занона буданд. Модарам дар тарбияи фарзандон, хоса ман хеле сахтгир буд ва мо ҳамагӣ дар мактаб аълохону дар кори хона қобил будем. Ман худамро зебои олам гӯям, ғалат мешавад, сабзинаи қадбаланду мӯйдароз будам, аммо беҳтарин либосҳоро ба бар мекардам. Саноати пастқомати зардак бошад, ба ман тақлид мекарду назди ҳама маро бадгӯӣ мекард. Чун ман мактабро бо медали тилло хатм намудам, ӯ ки саводи казоӣ надошт, ҳама ҷо ҷор мезад, ки падараш мудири маориф, ки ҳаст, медали тилло гирифт, вагарна он медал ҳаққи ман буд.

Ӯ аз қафои ман ба ҳамон донишгоҳе ҳуҷҷат супурд, ки ман супоридам, падару модараш ба хонданаш ризо набуданд, аммо ӯро аз роҳ баргардондан сахт мушкил буд. Бечора волидонаш гумон доштанд, ки Саноати бесаводаку лақии онҳо ҳаргиз наметавонад ба Донишгоҳи бонуфуз дохил шавад, вале ӯ дохил шуд. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯ бо ёрии як муаллими калонсол донишҷӯ шудааст…

                             Маъшуқаи мӯйсафед

Дар панҷ соли донишҷӯи кори Саноат фақат дар маҳфилҳои донишҷӯён рақсидану бозидан буд, ҳама медонистанд, ки ин зардаки бало маъшуқаи профессори барӯманди пирест. Ӯ аз ин ифтихор ҳам мекард ва мегуфт, ки аз дасти ин «дед» бало ҳам намеояд, ӯ то вақти донишгоҳро хатм кардану кор гирифтанам даркор асту халос. Саноат либосҳои арзонбаҳои ҷилодорро ба бар карда, ба рӯяш як килло ороиш молида, ба донишгоҳ меомаду маро ба қавли худаш писанд намекард. Ман худро пурра ба хондан бахшида будаму парвои ӯ надоштам, ба саломҳои гоҳ-гоҳияш алейк мегирифтаму халос. Ба ман бачаи раиси ноҳияамон, ки ду курс аз мо боло мехонд, хушдор шуд ва гоҳ-гоҳе чун дӯст ҳамроҳаш ба кино ё қаҳванӯшӣ мерафтем. Кирми ҳасади Саноат аз ин ба ҷунбиш даромаду пайи шикори Бахтиёр шуд, ман инро медидаму хомӯш назора мекардам, вале кор аз кор гузашт…

Як рӯз Саноат дар синфхона наздам омада нишаст, аз бӯйи арақи зери бағалаш ба қавли Сумани шӯхи ёвонӣ «знкм грифт», аз бӯйи бади ӯ мудом ҳамкурсон дар ғайбаш мегуфтанд. Ман аз вай аҳволпурсӣ кардам, ӯ бо хандаи маккорона гуфт:

- Баха маро хуш кардааст, метавонӣ «сеюм зиёдатӣ» нашавӣ…

Ман бо ханда гуфтам, ки Бахаи мегуфтаи ту ба ман мисли дӯст аст, вале ҳеҷ бовар надорам, ки ӯ туро хуш карда бошад. Ҳамин вақт ӯ аз байни дафтараш суратеро бароварда, ба ман нишон дод, ки онҳо ҳамроҳи Бахтиёр байни издиҳом дар бағали ҳам мерақсанд. Суратҳо бисёр буданд, ростӣ ман ба Бахтиёр ҳусни таваҷҷуҳ доштам ва дилам сиёҳ шуд, аммо худро ба даст гирифтам ва гуфтам:

-Хушбахт шавед, ман ҳеҷ гоҳ «шахси сеюм»намешавам.

Дигар бо Бахтиёр гап намезадам, он вақт телефонҳои мобилии хурдакак нав баромада буданд ва кам касон аз он доштанд, ба ман падарам якто тӯҳфа карда буданд, ки дар он рақами Бахтиёр буд ва ман онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардам.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД