Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Озарбойҷон мағлуб шуд.
Дидори дастаҳо шаби гузашта дар шаҳри Боку баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Ин бозӣ барои мунтахаби Тоҷикистон як қисми омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 ба ҳисоб меравад.
Миллисафедҳои Тоҷикистон бозии дӯстонаи навбатии худро 28-уми сентябр дар Чин муқобили мунтахаби Фаластин баргузор мекунанд.