Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) фаъолияти худро ҷиҳати дастгирии иштироки фаъоли шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳаёти иҷтимоӣ ва варзишӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Дар ин замина, дастаҳои баскетболи аробачанишини «Ғайрат» ва «Ваҳдат»-и Тоҷикистон дар ҷамъомади касбии баскетболи аробачанишин, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, иштирок намуданд. Варзишгарон дар ҷараёни ҷамъомад омӯзишҳои пешрафтаи техникӣ ва тактикӣ гирифта, ҳамзамон бо клубҳои баскетболи аробачанишини Туркия тамринҳои муштарак ва бозиҳои дӯстона анҷом доданд.

Ин барнома барои варзишгарон на танҳо аз ҷиҳати варзишӣ, балки дар самти таҷрибаи байналмилалии даставӣ ва шиносоӣ бо услубҳои гуногуни бозӣ низ имкониятҳои муҳим фароҳам овард. Ҳамчунин, иштирокчиён мусобиқаҳои баскетболи аробачанишинро, ки дар Туркия баргузор мегардиданд, аз наздик тамошо намуда, имкони омӯзиши системаҳои бозӣ ва таҷрибаҳои дохилимайдонии дастаҳои касбиро пайдо карданд.

Чорабинии мазкур марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробачасавор дар Тоҷикистон мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи аввал (соли 2024) ба клубҳои варзишӣ аробачаҳо ва таҷҳизоти зарурӣ тақсим карда шуда, дар марҳилаи дуюм (соли 2025) мураббиёни касбӣ аз Туркия ба Тоҷикистон даъват шуда, давраҳои омӯзишии фарогир доир намуда буданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия — баланд бардоштани иқтидори техникии варзишгарон, касби таҷрибаи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо муҳити варзишии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин барнома дар оянда ба таҳкими сохтори баскетболи аробачасавор дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои таъсиси дастаи мунтахаби миллӣ мусоидат хоҳад кард.