Arzon march 2024
ДАСТПОНАИ 10 ҲАЗОР СОМОНАИ ШАБНАМИ СОБИРИРО КӢ ГИРИФТ?
1611

 

Шабнами Собирӣ, овозхони шинохта ва ҳамсари продюсери тоҷик Мансур Нигматов нахустин озмун (челленҷ)-и интернетии худро ҷамъбаст кард ва ба ғолибон туҳфаҳои арзишманд супорид.

Барои иштирок дар ин озмун, мухлисони овозхон дилхоҳ мисраъҳои охирин таронаи ӯ “Монанди ман ошиқ ба ҷаҳон ёр наёбӣ”-ро дар ҳаҷми як дақиқа лабхонӣ ё ба таври зинда зам-зама карда, дар саҳифаҳои худ дар Инстаграм гузоштанд. Озмун аз аввали моҳи июн то аввали моҳи июл, тӯли як моҳ идома кард ва то ин муддат зиёда аз 300 нафар дар озмун иштирок кардаанд. Санаи 5-уми июл овозхон ҳамроҳи шавҳараш Мансур Нигматов беҳтаринҳоро муайян карданд ва санаи 6-уми июл дар толори “Кохи Суруш” ба ғолибон туҳфаҳоро супориданд.

Ҳамин тавр, иштирокчии таҳти рақами 101 ҷои аввалро ишғол карда, дастпонаи тиллоиро, ки 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, ба даст овард. Ба иштирокчии таҳти рақами 26, ки зинаи дувумро ишғол кардааст, 3000 ҳазор сомонӣ ва ба иштирокчии таҳти рақами 37, ки мақоми сеюмро касб кардааст, 2000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба як нафари дигар, ки фаъолияти хуб нишон додааст, телефони мобилии тамғаи “SAMSUNG A51” ҳадя карда шуд.

Шабнами Собирӣ мегӯяд, озмун шаффоф гузашт ва ӯ ғолибонро аз рӯйи сифат, касбият ва шумораи зиёди азназаргузаронии наворҳои ба озмун ирсолшуда муайян кардааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД