new banner new years
Даъвати ҷавонон ба аскарӣ то баҳор идома меёбад!
2853

Ҳамасола дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ҷавононе, ки синну солашон ба даъват ба хизмати ҳарбӣ расидааст, ба таҳлука меафтоданд. Одатан дар ин мавсим саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз хабарҳои гуногуни росту дурӯғ дар бораи “облава” пур шуда, дар байни мардум валвалаи зиёде меангехтанд, вале бо итмоми маъракаи даъват ба аксарӣ ҳангомаҳо низ ба поён мерасиданд, аммо....


Акнун маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ то аввали баҳор, аниқтараш то саршавии мавсими нави даъват ба аксарӣ идома меёбад. Дар ин бора Фаридун Маҳмадилиев, сухангӯйи Вазорати мудофиа ба Спутник-Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре ки Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, раисони шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадор карда шудаанд, ки то саршавии мавсими нави даъват ба хизмати ҳарбӣ маъракаи ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватанро бо тартиби муқаррар намудаи Вазорати мудофиа идома дода, ҷавонони синну солашон ба даъвати ҳарбӣ расидаро ба аксарӣ сафарбар намоянд.
Пештар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ моҳи ноябр ба охир мерасад, вале акнун дар моҳҳои декабр, январ ва феврал низ бачаҳои синну солашон ба хизмат расида ба коммисариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон даъват карда шуда, ба аксарӣ сафарбар мегарданд.
Ҳадаф аз ин чорабинӣ ба қавли сухангӯйи вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев беҳтарсозии тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД