Arzon march 2024
Давлатзода Зафарбек: Ҳолати ташвишоварро дидаму...
1360

 

Дар давоми соли гузашта танҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 13 чопи амудӣ барқарор карда шуд. Дар баробари ин, дар заминҳои бекорхобидаи ин минтақа корҳои барқарорнамоӣ гузаронида шуд.

"Ин нуқтаро Давлатзода Зафарбек, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар дар нишасти хабарии имрӯза қайд карданд. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки шахсан бевосита ба деҳаи Бишкенти ноҳияи Хусрав сафари корӣ доштам ва ҳолатҳои вуҷуддоштаро дидам ва воқеан ҳам ташвишовар буд".

Давоми соли ҷорӣ корҳоро дар ин самт пурзӯр карда, онро пурра бартараф мекунем, илова кард директори агентии мазкур. Дар вилояти Хатлон 20 фоизи аҳолӣ тавассути пойгоҳи обкашӣ бо об таъмин карда мешавад.

Ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагони об давоми соли 2022 69,0 млн сомонӣ пардохт карда шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД