Давоҳои халқӣ барои халосӣ аз захми меъда
11.10.2025
Oila.tj
121

Салом! Ман зани 52-сола ҳастам ва чанд сол боз захми меъда дорам. Ҳолам махсусан дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ бад мешавад, вале бо сабаби камбизоатӣ имкони дар ягон беморхона хоб карда, табобат гирифтан надорам. Гоҳ-гоҳ табиби халқӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев, ки дар байни мардум хеле машҳур мебошанд, баромад карда, ба маризон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ман ҳам бо умед муроҷиат карда истодаам, ки шояд ин табиби доно ба банда ҳам ягон маслиҳати хуб дода, роҳҳои табобати халқии захми меъдаро мегӯянд.

НИЗОРА, аз шаҳри Кӯлоб

Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Хоҳари азиз! Аслан дар табобати захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта нақши аз ҳама муҳимро парҳез мебозад. Шуморо лозим аст, ки то беҳтар шудани ҳолататон аз истеъмоли хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд худдорӣ намуда, маслиҳат ва тавсияҳои бандаро иҷро намоед. Инак, чанд давои муфиди халқӣ барои захми меъда.

Муъҷизаи асали тоза

Барои табобати захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта осонтарин роҳ ин истифода аз асали тоза аст. Ҳар саҳар пеш аз ношто кардан як қошуқ асали тоза хӯрда, давоми 1 соат дигар ягон чиз нахӯранд. Агар 40 рӯз ё ақаллан 1 моҳ ҳамин амалро ҳар субҳ иҷро кунед, пурра шифо меёбед.

Давои алафӣ барои захми меъда

Барои табобати захми меъда аз гиёҳҳои шифобахш низ истифода бурдан мумкин аст. Тахминан 50 гр решаи гиёҳи ширинбӯяро дар 1 литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, баъд оташро хомӯш кунед ва монед 5-6 соат истад. Пас аз 6 соат ин даворо ним истаконӣ рӯзе 3 бор пеш аз хӯрок ё 1 соат пас аз хӯрок нӯши ҷон созед, захми меъдаро шифо мебахшад.

Даво аз барги газна

Боз як давои таъсирбахш барои захми меъда ин барги гиёҳи газна аст. Рӯз дар миён 20 гр барги тозаи газнаро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, дар давоми 48 соат онро бинӯшед.

Дар охир боз як чизи дигарро ёдрас карданиям, ки маризони захми меъда дошта, бояд дар баробари дигар давоҳо ҳатман рӯзе 3 маротиба 1-қошуқӣ шираи барги зуф хӯранд. Шираи гиёҳи мушхор низ хеле муфид аст. Ҳангоми хурӯҷи дарди меъда 1 соат ё ним соат пеш аз хӯрок 1 қошуқ равғани ангат хӯрдан тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД