Ман зани 70-сола ҳастам ва вақтҳои охир барои ҳар майда-чӯйда асабонӣ шуда, фарзандон ва набераҳоямро сарзаниш мекунам. Ҳарчанд онҳо ба хотири синну солам дар рӯям чизе нагӯянд ҳам, худам ҳис мекунам, ки аз хӯрдагириҳои ман безор шудаанд ва шаб то саҳар аз ин андешаи мағшуш хобам намебарад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, худамро дошта наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Бибӣ МАРЗИЯ, аз н. Шаҳринав
Посухи табиб:
- Ҳолати шумо аз хастагии тӯлонии асаб дарак медиҳад ва дар сурати бепарвоӣ намуда, аз пайи табобат нашудан, хавфи ба дигар бемориҳо гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Тавсияи мо ҳамин аст, ки ҳарчи зудтар аз пайи табобат шавед ва бештар ҷигар, моҳӣ, гӯшт, чормағз, бодом, нахӯд, зардии тухм, гулкарам, лӯбиё, помидор, бодиринг ва редиска хӯред. Агар муддати 10 рӯз ҳар субҳу шом ним литрӣ оби сабзӣ ва лаблабӯи сурхро нӯши ҷон созед, худро бардам ва болидаруҳ эҳсос мекунед. Дар баробари ин, аз даволҳои зерини гиёҳӣ истифода бурда метавонед:
3 гиёҳи таскишбахш барои оромиши асаб
Барои оромиши асаб аз 3 гиёҳ дорӯи мӯъҷизаноке омода кардан мумкин аст. Решаи сумбул (велериана), пудинаи боғӣ ва гули бобунаро ба андозаи баробар гирифта, омехта созед ва як қошуқ аз ин гиёёҳоли омехтаро дар зарфи сирдор андохта аз болояш 200 грамм оби ҷӯшидагӣ резеду монед то саҳар истад. Субҳ гиёҳобро полонда, дар зарфи шишагӣ резед ва рӯзе 3-4 бор 2 қошуқӣ нӯши ҷон намоед.
Давои оромкунанда аз ниёзбӯ
Ҳар бегоҳирӯзӣ реша ё тухми карафс, ниёзбӯ ва решаи сумбулро бо ҳамдигар омехта карда ба термос андозед ва аз болояш оби ҷӯшидагӣ рехта даҳони зарфро маҳкам кунед. Саҳар гиёҳобро соф карда, дар тӯли рӯз чанд маротиба 3 қошуқӣ бинӯшед, асабатон ором мешавад.