Даври ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» ҷамъбаст шуд
01.11.2025
Oila.tj
35

31-уми октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар чорабинии мазкур сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассомиддинзода Шарофиддин, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии озмун аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамъ 75 нафар иштирок намуданд.

Озмун аз рўи се номинатсия баргузор гардид:

- ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, коркарди дубора аз партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти «Нозирони сабз»;

- намоиши маводҳои видеоӣ оид ба кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист дар маҳалли зист ё муассисаи таълимӣ;

- ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзуи муҳити зист ва экология.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД