Хигиеника
«Дельтакрон»-коронавируси нав дар Русия
11.08.2022
Оила
509

 

Оё хатари ба Тоҷикистон гузаштани ин вирус вуҷуд дород?

Дар Русия штамми нави коронавирусро кашф намудаанд, ки айни замон ба он номи шартии «Русский дельтакрон» гузошта шудааст. Вируси мазкур то кадом андоза хатарнок аст? “ Русский дельтакрон» ба дигар кишварҳо паҳн шуда метавонад?

Олимони соҳаи тиб дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия навъи нави коронавирусро пайдо кардаанд, ки шакли махлутгаштаи «омикрон» ва «дельта» мебошад. Бемории мазкур ҳанӯз дар дигар кишварҳои ҷаҳон паҳн нагаштааст, аз ҳамин сабаб олимон бар он назаранд, ки ватани «Дельтакрон” маҳз Русия мебошад.

Айни замон то кадом андоза хатарнок будани коронавируси нав маълум нест, вале олимон мегӯянд, ин масъала таҳқиқи ҳамаҷонибаро тақозо менамояд.

Тавре ки Прусс, яке аз кашшофони вируси нав ба РБК нақл кардааст:

“Вирусҳое, ки дар худ шакли махлутгаштаи коронавирусҳои навъи «омикрон» ва «дельта-ро дошта бошанд, ангуштшуморанд, зеро коронавируси навъи «дельта» аллакай ба пуррагӣ аз байн рафтааст. Ин вирус, яъне «дельта»-ро бори аввал соли 2020 дар Ҳиндустон пайдо карданд ва баъдтар он ба чанд кишвари дигар низ гузашт, аммо баъд “омикрон” бо суръати баланд дар тамоми олам паҳн гашта, «дельта» аз байн рафт. Аз ҳамин сабаб вақте ки аввалҳои моҳи июл мо вируси навро кашф намудем, бароямон бовар накарданӣ буд, ки ин маҳз шакли махлутгаштаи “омикрон” ва “дельта» аст. Аммо тадқиқотҳои баъдии олимони институти Гриппи ба номи Смородинцов исбот намуданд, ки вируси нав дар ҳақиқат ҳам шакли махлутгаштаи короонавирусҳои навъи “дельта” ва“омикрон” мебошад. Аз ҳамин сабаб ба вируси нав “Русский дельтакрон» ном гузошта шуд.”

Суръати паҳншавии вирус чандон зиёд нест, вале ин маънои онро надорад, ки нисбати “Дельтакрони русӣ» бепарвоӣ зоҳир намудан мумкин аст.

“Ҳанӯз то кадом андоза хатарнок будани навъи нави коронавирус, ки олимон дар Санкт-Петербург пайдо кардаанд, маълум нест ва дақиқ гуфта наметавонем, ки “Русский дельтакрон” коронавируси вазнинро ба вуҷуд меорад ё сабук мегузарад, аммо ин масъала аз ҷониби таҳқиқгарон ҳамаҷониба омӯхта шуда истодааст” гуфтааст Прусс дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

«Русский Дельтакрон» ба дигар кишварҳо паҳн мешавад ё не, ҳоло маълум нест, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт шудан шарт аст, зеро рафту омади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия, аз ҷумла ба пойтахти дуюми ин кишвар шаҳри Санкт-Петурбург хеле зиёд аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД