35 years of independency
Департаменти давлатии ИМА ғолибони Озмуни «Табиби сол – 2026»-ро дастгирӣ намуд
21.09.2026
Оила
67

Департаменти давлатии ИМА ғолибони Озмуни «Табиби сол – 2026»-ро дастгирӣ намуд

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» -ро дастгирӣ намудааст. Иқдоми мазкур дар партави Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сафорати ИМА дар Душанбе, ки моҳи апрели соли 2026 ба имзо расидааст, анҷом дода шуда, аз 31 нафар ғолибони озмун Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 19 нафарро дастгирӣ намудааст.

Ҳавасмандгардонии ғолибони боқимонда аз ҷониби дигар шарикон таъмин карда шуд.
ёдрас мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҳадаф аз он инъикоси дастовардҳои касбии табибони тоҷик, ҳавасмандии онҳо ва эътирофи саҳмашон дар рушди соҳаи тандурустии кишвар мебошад.
Дар озмун 2 228 нафар табибон, ки намояндагони 26 ихтисоси тиббӣ буданд аз 53 шаҳру ноҳияи кишвар иштирок намуданд. Дар раванди арзёбӣ фикру мулоҳизаи мардум, баҳогузории коршиносон ва дигар дастовардҳои касбии табибон ба назар гирифта шуда, 93 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва аз ин миён 31 нафар ғолиб дониста шуданд.
Дастгирии Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА аз таҳкими шарикии дуҷониба ба манфиати рушди устувори низоми тандурустии Тоҷикистон шаҳодат дода, ба Стратегияи глобалии тандурустии «Амрико пеш аз ҳама» мутобиқат мекунад.
Кумитаи тадорукот ба шарикони иттилоотӣ, медиахолдинги «ОИЛА» ва медиагурӯҳи Asia-Plus, шарики эҷодӣ JoBaJo, инчунин ба ҳамаи шариконе, ки дар баргузории нахустин Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» иштирои фаъолона доштанд, сипосу миннатдории самимӣ изҳор менамояд: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти давлатии ИМА, Лоиҳаи EpiC, «Тибтаҷҳизот», Бонки байналмилалии Тоҷикистон (IBT), Маркази тиббии Sofia Clinic, «Доруи Ман», Revital Medicine, LadyHealthcare, Маркази стоматологии Family Dent, ҶДММ «Динар Сервис», клиникаи дилу рагҳои «Дилу рагҳо» ва Belinda.
Дастгирии шарикон имкон дод, ки озмун ба як рӯйдоди назаррас барои ҷомеаи тиббии кишвар табдил ёфта, намояндагони соҳаи тандурустӣ, бахши соҳибкорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва беморонро дар атрофи ин ташаббус муттаҳид намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД